Главная / Илм / МОМИСО

МОМИСО

momisoМОМИСО (Glaucium elegans), арғомунӣ, кӯкноргиёҳ, растаниест яксола. Аз 5 то 30 см қад мекашад. Пояаш борики сершох. Баргҳои дар бехи поя рустааш думчадори пармонанд, баргҳои пояаш байзашакл, гулаш зарди баланд. Апр. – май гул карда, май – авг. тухм мебандад.
М. дар воҳаи д. Сир, кӯҳи Мевағул, қ.-кӯҳҳои Қурама, Туркистон, Зарафшон, ноҳияҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ ва Помири Ғарбӣ вомехӯрад. Дар нишебии кӯҳҳо, соҳили дарё, алафзор, арчазори сирак, заминҳои партов (дар баландии 400 – 3000 м аз с. б.) мерӯяд.
М. гиёҳи маъмули доруист. Дисқуридус (Диоскорид) ва Ҷолинус бо шираи он бемориҳои чашмро табобат мекарданд. Абӯалии Сино М.-ро барои муолиҷаи илтиҳоби чашм, омос, хасмол, сардард тавсия медод. Равғани М. нури чашмро қувват мебахшад. Табибони халқӣ М.-ро барои муолиҷаи тарбод, илтиҳоби роҳҳои нафас, ҳангоми сурфа ва чун давои пешоброн, балғамовар истифода мебаранд, бо шираи он гули чашмро меравонанд. Равған ва тухми бирёни онро ба занҳо чун воситаи нерубахш баъди таваллуд тавсия медиҳанд. Баргу поя ва шираи М. заҳрнок аст. Дар таркиби М. 0,2 – 0,7% алкалоид (глаувин, глаутсин, изоболдин, изокоридин, протопин ва ғ.) мавҷуд аст. Глаутсин бидуни таъсир ба нафаскашӣ фаъолияти маркази сурфаро бозмедорад. Онро барои табобати сурфаи бинобар илтиҳоб, бронхит, плеврит, сил ва диг. бемориҳо пайдошуда тавсия медиҳанд. Глаутсин ҳамчунин таъсири рафъи ташаннуҷ дорад, аз ин рӯ онро барои муолиҷаи бемории гипертония (давраҳои I ва II) ва эндартериит кор мефармоянд. Дар Булғория доруи «глаувент» истеҳсол мешавад, ки 0,01 – 0,04 г глаутсини хлоридгидрогенӣ дорад.
Ад.: Ковалёва Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …