Главная / Илм / МОМЕЗА

МОМЕЗА

momezaМОМЕЗА (Mekonion), меконий, фазла, муҳтавои рӯдаи ғафси тифли батн ва навзодон баъди 1 – 3 рӯзи таваллуд. М. моддаи часпаки бебӯй ва сабзи баланд мебошад; аз луобу эпителияи рӯда, усораи қисмҳои гуногуни роҳи ҳозима, талхаи лахтбаста, оби атрофи ҷанин ва ғ. иборат аст. Дар оби атрофи ҷанин пайдо шудани М. нишонаи гипоксияи тифл мебошад.
М.-е, ки баъди чанд соати таваллуди кӯдак меояд, тамйизӣ (тоза) мебошад. Баъдтар дар таркиби он бактерияҳо (қаламчамикробҳои рӯда, энтерококкҳо, ҳамчунин стрептококкҳо ва микроорганизмҳои спораофар) пайдо мешаванд. Пас аз 2 – 3 рӯзи таваллуд дар пасафканди навзодон ғайр аз М., ҳамчунин ахлоте, ки хоси кӯдаки ширмак аст, ба мушоҳида мерасад. Дар муддати ҳафтаи аввали ҳаёт дар пасафканди тифл дигар М. мушоҳида намешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …