Главная / Маданият ва санъат / МОЛИК ИБН-УР-РАЙБ -Ҳикоя

МОЛИК ИБН-УР-РАЙБ -Ҳикоя

Чанде пеш накўкорони ҳокими Мадина бори дувум азпайи ў афтода буданд, лекин ўро ҳеҷ дошта наметавонистанд. Паланги биёбонӣ хилагар буд, дум ба даст намедод. Падари бодиянишини Молик ибн – ур – Райб ҳам роҳзан буд. Шабҳо баромада роҳи мусофиронро мепоид, пагоҳӣ писари навҷавонашро низ ҳамроҳ мегирифт.

Молик пас аз марги падараш касби ўро маҳкам ба даст гирифт ва равнак, дод. Чун баъди як ғорату куштори фоҷеъ навкарони ҳокими Мадина ба таъқиби роҳзани қотил баромаданд, Молик ба Ироқ гурехт ва дар Басра пайдо гашт. Амири Ироқ, бародари халифа, мустабидтарин (худсартарин) ва хунхортарин ҳокимони араб – Зиёд ибни Абусуфён буд. Молик ба хизмати ў рафт, амир ўро аввал ҷаллод ва сониян, миршаби Басра таъйин кард. Боре мардумони Бас-

ра бар амиру амалдоронаш шўрида буданд, ки сарбозони амирро гарқи хун карданд ва сипас Зиёд гардиши мардумро баъд аз хуфтан дар кўю кўчаҳои шаҳр манъ кард, ба асасҳо (посбонони шаб) фармон дод, ки шаб ҳар киро дар кўчаҳо ёбанд, бикушанд.

Он гоҳ теғи хунрезӣ Молик ибн-ур-Райб ба ҷавлон омад. Вай шаб ҳама шаб дар кўчаҳо одам шикор мекард ва ҳар киро медид, хоҳ мард, хоҳ зан ва хоҳ кўдак бошад, мекушт.

Дар аввалҳо вай қурбониҳои худро пеш аз куштан калимае чанд «истинтоқ» карда, боиси дар кўча пайдо шуданашон, аз фармони амир огоҳ будан, ё набуданашонро мепурсид, лекин баъди як воқеа онҳоро бе ҳеҷ пурсиш якбора кушта партофтан гирифт. Воқеа ин ки вай шабе аз шабҳо араберо бо ду сар гўсфанд дар буни деворе ёфт ва пурсид: «Кистӣ ва чаро дар ин ҷо нишастаӣ!» Араб гуфт: «Аз бодия омада будам, мехостам гўсфандамро кушаму фурўшам, лекин дер расидам, акнун онҳоро нигоҳ медорам, то ки пагоҳ бикушам». Молик бовар кард ва мардакро накушта ба зиндон бурд. Рўзи дигар ўро дар пешгоҳи амир ҳозир кард, амир узри он мардро шунида гуфт: «Ба суханат бовар кардам,

лекин ман дар мамлакат расм ниҳодаам, ки кўчагардони баъд аз хуфтанро бикушанд, агар ман туро зинда гузорам, фардо шаб дигаре омада ҳамчунин баҳонае хоҳад кард ва ин расм табоҳ хоҳад шуд. Ту бегуноҳӣ, аммо барои табоҳ нашудани расм бояд кушта шавӣ». Асас ин сухани амирро дар гўши худ гирифт ва ба сафҳаи хотираш навишт. Вай арабро бо ишораи амир дар пеши ў бо шамшер сар бурид ва ду гўсфанди ўро тасарруф кард. Аз он баъд шабе набуд, ки Молик панҷ – шаш марду занро накушад.

Дар фосилаи байни ин кушторҳо вай ба хонаҳои мардум зер карда медаромад ва мардонро баста ё ки ронда, бо зану духтаронашон зино мекард.

Бо ин ҳама саффокию (хунрезию) дарандагии ў занҳо ошиқаш мешуданд, зеро ҷавони барнои ғаюре ва ба илова қасидагўй ва сарояндаи хушовозе буд. Яке аз занони соҳибҷамоли Зиёд ибни Абусуфён, ки шефтаи Молик буд, баъзе шабҳо дар либоси мардона пинҳонӣ ба манзили ў ё дигар ҷои хилвати ваъдагӣ меомад. Боре шабҳангом Молик дар кўю кўчаҳо машғули мардумшикорӣ буд, ки марде аз асас

бехабар, фаши салла ба рўй кашида, шитобон аз наздики ў гузашт. Молик аз паскўчаи торик барҷаста ўро хапгир ва бо як зарбаи ханҷар сарнагун кард. Саллаи мактул аз сараш париду аз зери салла мўи дарозаш баромада парешон гашт: вай зан буд, ҳамон зани барнои амир, маъшуқаи Молик, ки дар либоси мардона шояд ба манзили ошиқи қотилаш мешитофт.

Молик нахустин бор аз куштори бошитобаш пушаймон гашт ва тарсид, аммо тарсаш аз пушаймонӣ бештар буд, вай гурехт. Пас аз чанде вай, ҳамчун қотиле, ки бешуурона ба ҷои ҷинояташ бармегардад, боз дар Ҳиҷоз, дар навоҳии Мадина пайдо гардид. Ва боз як даста қотилонро ба худ гирд оварда ба касби пештарааш машғул шуд.

Қасди ғорати корвони суғдӣ охирин қасди роҳзании Молик дар Ҳиҷоз буд, ки ба нокомӣ анҷомид.

Дере аз ин воқеа нагузашта вай дастгир шуд. Аммо ин бор ҳам толеаш ба вай мададгор омад. Сарҳанги ноэҳтиёткори мадинагӣ асири худро ба як нафар навкараш супурд, ки ба зиндон барад ва худаш пеш рафт. Молик дар як манзил аз навкар пинҳонӣ ресмонеро, ки дастҳояш ба он баста шуда буданд, ба танаи дарахт молида қариб ба канда шудан расонида буд. Чун боз ба роҳ афтоданд, навкар савор буд ва асирро пиёда меронд, дар биёбон Молик баногоҳ ресмонро канда ва дастҳояшро раҳо карда барҷасту ба қабзаи шамшери навкар чанг зад, навкар наёми (ғилофи) онро гирифт, шамшер аз наём баромада ба дасти Молик даромад, Молик онро ба сари навкар зада ўро кушт ва аспи ўро савор шуда аз ақиби сарҳанг тохт, вайро ҳам ёфта кушт ва гурехт.

Ба Бодият-уш-Шом, яъне биёбони Сурия гурехт; аз он ҷо боз ба Басра ғалтид ва натарсид, зеро дар ин миён Зиёд ибни Абусуфён аз аморати Ироқ маъзул ва ба ҷояш каси дигар таъйин шуда буд.

Молик дар Шатт -ул-Араб ба маллоҳии киштии бозаргонони ҳиндӣ киро шуда, муддате дар Халиҷи Форс шино кард ва дар охир якчанд маллоҳи дигарро ба худ ёр гирифта, як миқдор зару сим ва ҷавоҳири бозаргононро дуздида, дар бандари Абушер ба хушкӣ – ба замини Форс фаромаду дигар ба киштӣ барнагашт. Вай дар роҳи Абушер – Шероз аз нав ба роҳзанӣ сар кард…

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

  1. Молик ибн-ур-Райб кӣ буд? Дар бораи машғулияти айёми ҷавонии ў нақл кунед.
  1. Молик чаро аз Мадина ба Ироқ гурехт?
  2. Зиёд ибни Абусуфён кӣ буд?
  3. Молик дар Басра ба чӣ корҳо машғул шуд? Хунхориҳои ўро нақл кунед.
  1. Молик аз кадом кораш пушаймон шуд?
  2. Қасди ғорати корвони суғдиёнро дар Ҳиҷоз, ки ноком шуда буд, ба ёд оред. Кӣ ўро шикаст дод?
  1. Молик чӣ тавр аз дасти сарҳанги мадинагӣ раҳо ёфт?
  2. Дар бораи маллоҳӣ ва дуздию роҳзании ў дар Шероз нақл кунед.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …