Главная / Биология / МОЛЕКУЛАҲОИ ОРГАНИКӢ –ЧАРБҲО ВА ЛИПОИДҲО

МОЛЕКУЛАҲОИ ОРГАНИКӢ –ЧАРБҲО ВА ЛИПОИДҲО

Чарбҳо (липидҳо) пайвастагиҳои кислотаҳои калонмолекулаи равғанӣ ва спирти сеатомаи глитсерин мебошанд. Чарбҳо дар об ҳал намешаванд, онҳо гидрофоб (аз юнонӣ hydro -об ва phobos-тарс) мебошанд. Дар ҳуҷайраҳо ҳамеша моддаҳои дигари мураккаби бо ном липоидҳо низ вуҷуд доранд.

Мавҷудияти чарбҳо дар ҳуҷайра нисбат ба массаи моддаи хушк то ҳадди 5-15% мерасад. Дар ҳуҷайраи бофтаҳои чарбӣ миқдори чарб то 90% меафзояд. Дар ҳуҷайраи бофтаҳои чарбии ҳайвонот, тухмӣ ва меваи растаниҳо ҷамъшуда, чарб чун манбаи эҳтиётии энергия хизмат мекунад.

се кислотаи равгани

Чарбҳо ҳамчун пайвастагиҳои органикӣ барои гузаштани табаддулоти мўътадили биохимиявӣ дар организм аҳамияти калон доранд.

Чарбҳо ва липоидҳо функсияи бинокориро низ иҷро менамоянд, онҳо ба таркиби мембранаи ҳуҷайра доҳил мешаванд (расми 3.5.). Ба туфайли бад будани гармигузоронӣ, чарб қобилият дорад, ки функсияи изолятори гармиро иҷро

намояд. Яке аз функсияи асосии чарбҳо – фаъолияти энергетикӣ мебошад. Дар вақти то СО2 ва Н2О таҷзия шудани 1г чарб миқдори зиёди гармӣ (38,9 кҶ) хориҷ мешавад. 

Истилоҳот:

  1. Структураи якумини сафеда – пайдарҳамии боқимондаи аминокислотаҳо дар занҷири полипептидӣ, генотипи муайян мебошад.
  2. Денатуратсия – раванди ташкилёбии структурии худро гум кардани молекулаи сафедагӣ.
  3. Ренатуратсия – раванди барқароршавии ташкилёбии структураи молекулаи сафедагӣ.
  4. Маркази фаъоли фермент – қисми молекулаи фермент, ки барои пайваст кардан ва аз нав ҳосилшавии моддаҳо масъул аст.
  5. Ангиштобҳо – гурўҳи пайвастагиҳои органикие, ки формулаи умумиашон С мебошад.
  6. Липидҳо – гурўҳи пайвастагиҳои органикие, ки аз эфири спиртҳо ва кислотаҳои равғанӣ, инчунин дигар компонентҳо иборатанд.
  7. Стероидҳо – гурўҳи пайвастагиҳои органикие, ки аз спиртҳои полисиклӣ, кетонҳо ё кислотаҳо иборатанд.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …