Главная / Биология / Ҳодисаҳои аҷоиб бо моҳиҳо

Ҳодисаҳои аҷоиб бо моҳиҳо

  1. Моҳӣ чӣ тавр шино мекунад?

To ин дам шино кардани моҳиро ба ҳаракати қанот ва думи вай вобаста мекарданд. Ҳоло аниқ карда шудааст, ки моҳӣ бо

танаи худ ҳаракатро ба вуҷуд оварда, қаноту думи он ҳамчун суккои (рул) хизмат мекардааст.

  1. Гулмоҳй

Дар рӯзнома ва маҷаллаҳо дар бораи ба одам ром шудани далфик ва ё гулмоҳиро хондаед?

Оё шунидаед моҳиқое, ки дар дарёҳои мо шино карда меғарданд, ба одам ром шуда бошанд? Бале, ин тавр воқеа дар ҳақиқат рӯй додааст.

Рӯзе осиёбони авсгралиягӣ Люгер дар соҳили дарёчаи кӯҳӣ нишаста, чангакҳои моҳидориро ба об мепартофт ва ба баргҳои дар рӯйи об шино карда истода назар меафканд. Баногоҳ дар ҷараёни об кафкчаҳо пайдо шуданд ва баъд аз чанд сония назари ӯ ба гулмоҳии зебои калон афтод ва ДИД, ки гулмоҳӣ бозикунон ба муқобили ҷараёни об шино карда, ба ӯ наздик мешавад. Люгери дар соҳил нишаста, аз дидани чунин ҳодиса ба ҳаяҷон омад ва гӯё ӯро касе тела дода истода бошад, кирми дар даст доштаашро зуд ба он моҳӣ дароз кард. Гулмоҳӣ ҷасурона ба вай наздик шуда, аз об боло хез зад ва кирмро аз дасти ӯ гирифт. Ҳамон рӯз Люгер ҳамаи кирмҳоро ба моҳии ҷасур хӯронда худаш ба хона дасти холӣ баргапгг.

Рӯзи дигар осиёбон дар ҳамон ҷо бо «шинос»-и дирӯзааш вохӯрд. Ҳамин тавр дӯстии онҳо рӯз то рӯз мустаҳкам шудан гирифт.

Люгер ба ин моҳӣ «Капитан» ном ниқод. Он аз одам намеҳаросад. Вай меъёри муайяни хӯрокро хӯрда бо Люгер бозӣ мекард.

  1. Моҳиарря

Моҳяарра 25-32 ҷуфт дандонҳои тез дошта, дар ду тарафи ҷоғ ҷой гирифтаанд. Дарозии моҳиарра то 10 м мерасад ва вазни баъзеи онҳо қариб 3 тонна мешавад.

Моҳиарра ба одам ва ё дигар ҷонварон хуҷум намекунад. Лекин агар вайро ягон чиз нотинҷ кунад, вай дандонҳон аррамонандашро ба кор андохта, рақибашро пора-пора мекунад. Сими металии ғафсиаш 5 мм-ро ба осонӣ мебурад. Моҳиарра мисли моҳиҳои дигар тухм намегузорад. Вай якбора 34-40 моҳии зинда таваллуд менамояд. Аз ҷигар ва пӯсти ин моҳӣ ҳар гуна маснуоти саноатӣ тайёр мекунаид.

  1. Моҳии шамъ

Аз Аляска то музофоти Орегон моҳиеро дидан мумкин аст, ки номи он Зулахон буда, дарозиаш 30 см мебошад.

Дар замонҳои қадим ҳиндуҳо ин моҳиро барои равшан кардани кулбаҳои худ истифода мебурданд, чунки вай хеле серравған мебошад. Ҳиндуҳо ин моҳиро хушк карда, аз дохили вай тилта мегузаронданд. Баъд моҳиро ба ҳолати рост монда, нӯги пилтаро дармегиронданд. Пилтаи ин шамъи ғайриоддӣ оҳиста ва баробар дармегирад ва атрофро равшан мекунад. Аз Зулахон равғани тайёркардаро бо мақсади тиббӣ ҳам истифода мебаранд.

  1. Моҳии хушкигард

Дар Сейлон моҳиҳое зиндагӣ мекунанд, ки онҳоро бехато моҳиҳои хушкигард номидан мумкин аст. Ин моҳиҳо ҳангоми хушк шудани оби кӯлу дарёҳо ба соҳил баромада, то кӯлҳои ҳамсоя бемалол хазида мераванд. Аҷибаш он аст, ки кӯлу дарёҳои атрофро бехато муайян мекунанд.

mohi-xushkiqard Онҳо дар хушкӣ зиёда аз як хафта зиндагонӣ карда метавонанд ва дар ин муддат як-якуним километр масофаро тай мекунанд.

  1. Моҳии аҷоиб

Дар ҷазираҳои Аляска ва Чукотка Далия ном моҳии аҷоиб зиндагӣ мекунад. Ин моҳӣ бо оғози зимистон бо об ях мекунад ва бо cap шудани тобистон ҳангоми об шудани яхҳо аз нав зинда мешавад.

Чунин моҳиҳо ҳар шабонарӯз баробари вазни худ об менӯшанд.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …