Главная / Ҷамъият / Андозаи алименте, ки барои аъзои дигари оила ба тартиби судӣ ситонида мешавад

Андозаи алименте, ки барои аъзои дигари оила ба тартиби судӣ ситонида мешавад

Моддаи 99-и Кодекси оила.  Андозаи алименте, ки барои аъзои дигари оила ба тартиби судӣ ситонида мешавад 

  1. Андоза ва тартиби пардохти алимент барои шахсоне, ки дар моддаҳои 95-98 ҳамин Кодекс зикр шудаанд, тибқи созишномаи тарафҳо муайян карда мешаванд.
  2. Дар сурати мавҷуд набудани созишномаи тарафҳо андозаи алимент, ки барои таъмини аъзои оилаи дар ҳамин боб зикргардида ба тартиби судӣ ситонида мешавад, аз тарафи суд  бо назардошти вазъи моддию оилавии пардохткунанда ва гирандаи алимент ва манфиатҳои дигари қобили таваҷҷӯҳи тарафҳо дар шакли маблағи устувори  ҳар моҳ пардохтшаванда муқаррар карда мешавад.
  3. Агар барои таъмини аъзои оила, ки алимент талаб мекунад, ҳамзамон якчанд нафар ӯҳдадор бошанд, он гоҳ суд бо назардошти вазъи  моддию оилавии онҳо андозаи иштироки ҳар яки онҳоро дар иҷрои ӯҳдадории алиментдиҳӣ муайян менамояд. Бо талаби  ҷавобгар суд вазифадор аст, ки ҳамаи шахсонеро ки барои пардохтани алимент ӯҳдадоранд, ба ҳисоб гирад, сарфи назар аз он ки даъво нисбати ҳамаи ин шахсон ё фақат як нафар ё якчанд нафари онҳо пешниҳод шудааст.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …