Главная / Ҷамъият / Рухсатии иловагии бо рўзи корӣ ба меъёр гирифтанашуда

Рухсатии иловагии бо рўзи корӣ ба меъёр гирифтанашуда

Моддаи 99-и Кодекси Меҳнат. Рухсатии иловагии бо рўзи корӣ ба меъёр гирифтанашуда

  1. Ба кормандони рўзи кориашон ба меъёр гирифтанашуда барои зиёда аз давомнокии вақти кории муътадили муқарраргардида иҷро намудани кор рухсатии иловагӣ на камтар аз 10 рўзи тақвимӣ дода мешавад.
  2. Давомнокии мушаххаси чунин рухсатӣ барои кормандони ташкилотҳои аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои кормандони дигар ташкилотҳо дар шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ ва дар сурати мавҷуд набудани онҳо тибқи созиши тарафҳои шартномаи меҳнатӣ муқаррар карда мешавад.
  3. Номгўйи кормандони рўзи кориашон ба меъёр гирифтанашудаи ташкилотҳои давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони дигар ташкилотҳо бо шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ ё дигар санади меъёрии дохилии (локалии) ташкилот муқаррар карда мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …