Главная / Ҷамъият / Даромадҳо дар шакли музди меҳнат

Даромадҳо дар шакли музди меҳнат

Моддаи 99-и Кодекси Андоз. Даромадҳо дар шакли музди меҳнат

  1. Ҳама гуна пардохтҳо, манфиатҳо ё подошҳо, аз ҷумла дар шакли моддӣ ва ғайримоддӣ, ки ба фоидаи шахсони воқеӣ пардохт мешавад, новобаста ба шакл ва маҳалли пардохт даромаде ҳисоб мешавад, ки дар шакли музди меҳнат гирифта шудааст, аз ҷумла:

-даромадҳо аз меҳнати кироя;

-даромадҳо аз хизматрасонӣ (иҷрои кор) мутобиқи шартномаи хусусияти граждании  ҳуқуқӣ дошта ё бе чунин шартномаҳо, аз ҷумлаподошпулиҳо аз шартномаҳои муаллифӣ, ба истиснои шартномаҳое, ки мавзўи онҳо гузариши ҳуқуқи моликият ё ба дигар шахс додани ҳуқуқи молумулкӣ мебошад;

-даромадҳо аз меҳнати кирояи пешина, ки дар шакли нафақа ё дигар шакл гирифта мешаванд ё даромадҳо аз меҳнати кирояи минбаъда.

  1. Даромаде, ки андозсупоранда дар шакли музди меҳнат гирифтааст, шаклҳои зерини пардохти аслро (натуралиро) дар бар мегирад:

-пардохти музди меҳнат дар шакли аслӣ (натуралӣ);

-арзиши молу мулке, ки ройгон дода мешавад. Арзиши корҳои (хизматрасониҳои) ройгон иҷрошуда дар ҳаҷми хароҷоте муайян карда мешавад, ки бинобар иҷрои чунин корҳо, хизматрасониҳо сарф шудаанд;

-аз ҷониби корфармо пардохт гардидани арзиши молҳо, иҷрои корҳо, хизматрасониҳо, ки корманд аз шахсони сеюм гирифтааст.

  1. Барои мақсадҳои қисми 1 ҳамин модда арзиши манфиати андозсупоранда ба маблағҳои зерин бо тарҳи ҳама гуна пардохтҳои худи андозсупоранда барои гирифтани ин манфиат баробар мебошад:

-ҳангоми гирифтани қарз тибқи меъёри фоизи пасттар аз меъёри бозорӣ барои чунин намуди қарзҳо – маблағи баробар ба фоизҳое, ки бояд тибқи меъёри бозорӣпардохт шаванд;

– ҳангоми фурўхтан ё ройгон додани молҳо, иҷрои корҳо ё хизматрасониҳо – арзиши бозории чунин молҳо, иҷрои корҳо ё хизматрасониҳо;

-ҳангоми гирифтани кўмак барои таҳсили корманд ё шахсони дар таъминоти ў қарордошта (ба истиснои барномаҳои тайёрӣ, ки бевосита ба иҷрои ўҳдадориҳои корманд алоқаманданд) – барои кўмакгиранда арзиши кўмаки гирифташуда;

-дар ҳолати ба корманд ҷуброн кардани хароҷоте, ки бевосита ба меҳнати кирояи ў алоқаманд нестанд – маблағи ҷуброн;

-ҳангоми бахшидани қарз ё ўҳдадории корманд дар назди корфармо – маблағи қарз ё ўҳдадории бахшидашуда;

-ҳангоми пардохти подоши суғуртавӣ тибқи шартномаҳои суғуртаи ҳаёт ва саломатӣ ва дигар маблағҳои шабеҳ аз ҷониби корфармо – арзиши чунин подоши суғуртавӣ ё маблағҳо барои корфармо;

-дар дигар ҳолатҳо – арзиши бозории манфиат.

  1. Даромади умумии корманд ҷуброни хароҷоти сафарҳои хизматиро мутобиқи меъёрҳои дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор муқарраршуда, инчунин ҷуброни хароҷоти сафарҳои хизматиро аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ ва муассисаҳои онҳо, фондҳо, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ – ғайрирезидент аз ҳисоби маблағҳои шахсони дар боло номбаршуда дар бар намегирад.
  2. Даромади умумӣ пардохтҳои намояндагӣ ва дигар хароҷоти шабеҳро (барои гузаронидани ҷашнҳо, ҷойгиронии меҳмонон ва ғайра), ки шахси воқеӣ гирифтааст, дар бар намегирад.
  3. Пардохти моддӣ (ғайримоддӣ), арзиши фоидаҳо, пардохтҳо ва хароҷоти корфармо ба фоидаи шахсони воқеӣ, ки дар қисмҳои 2 ва 3 ҳамин модда номбар шудаанд, маблағи андози аксиз, андоз аз арзиши иловашуда ва ҳама гуна дигар андозеро дар бар мегиранд, ки корфармо бояд вобаста ба аҳди арзишдошта пардохт намояд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …