Главная / Ҷамъият / Мақомоти корҳои дохилӣ

Мақомоти корҳои дохилӣ

Моддаи 98-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Мақомоти корҳои дохилӣ 

  1. Мақомоти корҳои дохилӣ дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 127 – 129, 130 қисми 1 (ҚҶТаз 23.11.15 с., №1235), 229, 230, 276, 277, 285-287, 289-295, 298, 299, 301-304, 307, 308, 309 қисми 2, 310, 314, 315, 317-321, 322 (дар қисми риоя накардани тартиби муқарраргардидаи кашонида бурдани воситаҳои нақлиёти механикӣ), 323-327, 328 қисми 2, 329 қисми 3, 330, 331, 333 қисми 2, 335, 336 қисмҳои 1 ва 3, 338, 339 қисми 1, 340-344, 346, 461-464, 466, 468-470, 473, 482-484, 485 қисмҳои 1 ва 2, 486, 488, 489, 491, 493-496, 513 (ба истиснои парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи гумрук), 517, 539 ва 640 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, баррасӣ менамоянд. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1476)
  2. Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти корҳои дохилӣ инҳо ҳуқуқ доранд:

– сардорони шӯъбаҳо (зершӯъбаҳо)-и ҳудудии мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳо, дар нақлиёт ва муовинони онҳо оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки дар моддаҳои 127 – 129, 130 қисми 1 (ҚҶТаз 23.11.15 с., №1235), 276, 277, 285, 286, 289 (дар нақлиёти роҳи оҳан, обӣ ва ҳавопаймо), 295, 298, 299,  301-304, 307, 308, 309 қисми 2, 461-464, 466, 468-470, 482-484, 485 қисмҳои 1 ва 2, 486, 488, 489, 491, 513 (ба истиснои парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи гумрук), 517, 539 ва 640 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд;

– сардори раёсат (шӯъба, зершӯъбаи ҳайати Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ), шӯъбаҳои Бозрасии  давлатии автомобилии раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, минтақа ва ноҳияи Рашт ва муовинони онҳо, сардорони зершӯъбаҳои ҳайати онҳо, зершӯъбаҳои Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳрҳо ва ноҳияҳо ва дар сурати набудани чунин зершӯъбаҳо Бозраси  калони давлатии автомобилӣ  оид  ба ҳуқуқвайронкунии маъмурие,  ки дар моддаҳои 229, 230, 289-294, 310, 314, 315, 317-321, 322 (дар қисми риоя накардани тартиби муқарраргардидаи кашонида бурдани воситаҳои нақлиёти механикӣ), 323-327, 328 қисми 2, 329 қисми 3, 330, 331, 333 қисми 2, 335, 336 қисмҳои 1 ва 3, 338, 339 қисми 1, 340-344 ва 346 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1476)

– сардори сарраёсат ва муовинони ӯ, сардорони шӯъбаҳои назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор, сардорони раёсатҳо ва шӯъбаҳои Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва муовинони онҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки дар моддаҳои 287 ва 473 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд;

– сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ва муовинони ӯ, сардорони хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва сардорони бахшҳои шиносномавию бақайдгирӣ дар шаҳру ноҳияҳо оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки дар моддаҳои 469, 470 ва 493-496 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд;

– нозирони роҳ оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки дар моддаҳои 317 қисми 1, 324, 333 қисми 2, 338 қисми 1, 340 қисмҳои 1 ва 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1476).

Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

jyudoshavo-oila

Сабаби ҷудошавии оилаҳо: 10-тои асосӣ

Вайрон шудани оилаҳо дар замони ҳозира боз ҳам зиёд шуда истодааст ва сабаби он Падару …