Моддаи 97-и Кодекси оила. Ӯҳдадориҳои набера оид ба таъминоти бобою бибӣ (модаркалон)
Бобою бибии (модаркалони) мӯҳтоҷи корношоям дар сурати аз фарзандони болиғи қобили меҳнат ё ҳамсари (ҳамсари собиқи) худ гирифта натавонистани таъминот ҳуқуқ доранд ба тартиби судӣ аз наберагони болиғи қобили меҳнати худ, ки дорои маблағи зарурӣ мебошанд, алимент талаб кунанд.