Главная / Ҷамъият / Манбаи андоз

Манбаи андоз

Моддаи 97-и Кодекси Андоз. Манбаи андоз

  1. Манбаи андоз аз даромад даромади умумие мебошад, ки шахсони воқеӣ – резидентҳо ва ғайрирезидентҳо гирифтаанд, барои давраи андоз ҳамчун фарқи байни даромади умумӣ ва маблағи тарҳҳои пешбининамудаи ҳамин зерфасл муайян карда мешавад.
  2. Шахси воқеӣ – ғайрирезидент, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути муассисаи доимӣ фаъолият менамояд, супорандаи андоз аз даромади андозбандишавандае мебошад, ки ба муассисаи доимӣ алоқаманд аст ва ҳамчун фарқи байни даромади умумии аз манбаъҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба муассисаи доимӣ ва тарҳҳои марбут ба даромади гирифташуда, ки ҳамин зерфасл пешбинӣ намудааст, муайян карда мешавад.
  3. Даромади умумии шахси воқеӣ – ғайрирезидент, ки дар қисми 2 ҳамин модда зикр нашудааст, бояд аз манбаи пардохт бе тарҳкунии хароҷот андозбандӣ карда шавад, агар ин дар моддаи 128 Кодекси мазкур пешбинӣ шуда бошад.
  4. Шахси воқеӣ – ғайрирезидент, ки аз манбаи воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фурўш ё додани молу мулк ва (ё) ҳуқуқҳои молумулкие, ки ба муассисаи доимиаш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд намебошад, даромад мегирад, нисбат ба даромади умумии чунин намуд бо тарҳи хароҷоти пешбининамудаи ҳамин зерфасл ва марбут ба чунин даромад барои ҳамин давра, супорандаи андоз аз даромад ба ҳисоб меравад.Агар андози дахлдор аз фурўш ё додани молу мулк ва (ё) ҳуқуқҳои молумулкии шахси воқеӣ – ғайрирезиденти зикршуда пардохт нашуда бошад, шахси ҳуқуқие, ки ғайрирезиденти зикршуда дар он дорои ҳуқуқҳои молумулкӣ буд (мебошад) ё агенти андози вай, ки ба ғайрирезидент даромад мепардозад, ўҳдадоранд, ки андозро бе тарҳи хароҷот нигоҳ доранд ва пардохт намоянд.
  5. Ҳангоми ситонидани андоз аз даромад аз ҷониби корфармо тарҳ кардани хароҷоти марбут ба иҷрои кори кирояи ҳамин корманди кироя аз даромади умумии шахси воқеӣ – корманди кироя роҳ дода намешавад.
  6. Барои ҳар як намуди даромадҳои шахси воқеӣ, ки нисбат ба онҳо меъёрҳои гуногуни андоз муқаррар шудаанд, манбаи андоз алоҳида муайян карда мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …