Главная / Ҷамъият / Объекти андозбандӣ

Объекти андозбандӣ

Моддаи 96-и Кодекси Андоз. Объекти андозбандӣ

  1. Объекти андозбандӣ даромади андозбандишаванда, аз ҷумла, ҳама гуна даромад, ки новобаста ба маҳал ва воситаи пардохт аз ҷониби андозсупорандагони зерин гирифта шудааст, ки барои давраи андоз ҳамчун фарқи байни даромади умумӣ ва маблағи тарҳҳои пешбининамудаи ҳамин зерфасл муайян карда мешавад:

-барои шахсони воқеие, ки резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд, аз манбаъҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) аз манбаъҳои берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-барои шахсони воқеие, ки резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб намераванд, аз манбаъҳои дар Чумҳурии Тоҷикистон мавҷудбуда.

  1. Даромади умумие, ки шахси воқеӣ мегирад, ба гурўҳҳои зерин тақсим мешавад:

-даромадҳое, ки дар манбаъҳои пардохт андозбандӣ карда мешаванд;

-даромадҳое, ки дар манбаъҳои пардохт андозбандӣ карда намешаванд.

  1. Агар муқаррароти Кодекси мазкур имконият надиҳанд, ки даромадҳои гирифташуда бевосита ба даромадҳое мансуб аз манбаъҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё аз манбаъҳои берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифташуда дониста шаванд, мансуб донистани даромад ба ин ё он манбаъ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ карда мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …