Главная / Ҷамъият / Мақомоти тандурустӣ

Мақомоти тандурустӣ

Моддаи 95-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Мақомоти тандурустӣ 

  1. Мақомоти тандурустӣ дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 110 –123  Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, баррасӣ менамоянд.
  2. Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти тандурустӣ инҳо ҳуқуқ доранд:

– сардори Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ, сардорони раёсатҳои он  дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва намояндагии он дар минтақаи Кӯлоб оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки дар моддаҳои 110, 119, 120, 122 ва 123 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд;

– сардори Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ, сардорони раёсатҳои он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон,  вилоятҳо ва намояндагии он дар минтақаи Кӯлоб оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки дар моддаҳои 121 ва 122 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ  шудаанд;

– сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, сардухтурони давлатии санитарии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, сардухтурони санитарии муассисаи назорати санитарии давлатии шаҳру ноҳияҳо оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурие,  ки дар моддаҳои 112-118 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд;

– директори Маркази ҷумҳуриявии илмии хун, сардорони марказҳои хуни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва намояндагии он дар минтақаи Кӯлоб оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки дар моддаи 111 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …