Моддаи 94-и Кодекси оила. Қатъ гардидани ҳуқуқи таъминоти ҳамдигарии зан ё шавҳар
Ҳуқуқи зан ё шавҳар барои гирифтани таъминот (алимент) аз ҳамсари худ дар мавридҳои зерин қатъ мегардад:
– агар зан ё шавҳари мӯҳтоҷи корношоям вафот кунад;
– агар шартҳое, ки мутобиқи моддаҳои 90 ва 91 ҳамин Кодекс барои гирифтани алимент асос буданд, аз миён бардошта шаванд;
– агар зан ё шавҳари мӯҳтоҷи корношоям аз нав хонадор шуда бошад.