Главная / Ҷамъият / Таъминоти моддӣ, ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии кормандони мақомоти андоз

Таъминоти моддӣ, ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии кормандони мақомоти андоз

Моддаи 94-и Кодекси Андоз. Таъминоти моддӣ, ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии кормандони мақомоти андоз

  1. Кормандони мақомоти андоз намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ мебошанд ва таҳти ҳимояи давлат қарор доранд. Талаботи қонунии онҳо дар доираи ваколатҳояшон барои иҷро аз ҷониби шахсони воқеӣ ва шахсони мансабдор ҳатмӣ мебошанд.
  2. Монеъ шудан ба иҷрои ўҳдадориҳои мансабии кормандони мақомоти андоз, таҳқир намудани шаъну шарафи онҳо, таҳдид, муқобилият, зўроварӣ ва суиқасд ба ҳаёт, саломатӣ ва молу мулки онҳо вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти хизматиашон боиси ҷавобгарии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегарданд.
  3. Ҳифзи ҳаёт, саломатӣ, шаъну шарафва молу мулки аъзои оилаи кормандони мақомоти андоз бо Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ мегардад.
  4. Давлат ҳифзи иҷтимоии кормандони мақомоти андозро кафолат медиҳад.
  5. Таъминоти моддӣ ва иҷтимоию маишии кормандони мақомоти андоз ва аъзои оилаи онҳо тибқи шартҳо, тартиб ва ҳаҷми муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хизмати давлатӣ анҷом дода мешавад.
  6. Намудҳо ва ҳаҷми таъминоти моддӣ, аз ҷумла намуд ва андозаи маоши кормандони мақомоти андоз тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
  7. Маблағгузории фаъолияти мақомоти андоз аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода мешавад.
  8. Тартиб ва меъёрҳои таъминоти моддию техникии мақомоти андозро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
  9. Молу мулки мақомоти андоз моликияти давлатӣ мебошад ва хусусӣ гардонида намешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …