Главная / Ҷамъият / Аз ӯҳдадории таъмини ҳамсари худ озод намудани зан (шавҳар) ё маҳдуд кардани мӯҳлати ӯҳдадорӣ

Аз ӯҳдадории таъмини ҳамсари худ озод намудани зан (шавҳар) ё маҳдуд кардани мӯҳлати ӯҳдадорӣ

Моддаи 93-и Кодекси оила. Аз ӯҳдадории таъмини ҳамсари худ озод  намудани  зан  (шавҳар)  ё маҳдуд кардани мӯҳлати  ӯҳдадорӣ 

Суд метавонад зан ё шавҳарро ҳам дар давраи ақди никоҳ ва ҳам пас аз бекор кардани он дар ҳолатҳои зерин  аз ӯҳдадории  таъмини ҳамсари худ озод кунад ё мӯҳлати ин ӯҳдадориро  ба таври  муайян маҳдуд созад:

– суиистеъмол намудан аз машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ё дигар моддаҳои мадҳушкунанда  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365)

– агар хонадории зану шавҳар  камтар аз панҷ сол давом карда бошад;

– агар зан ё шавҳаре, ки пардохти алиментро талаб мекунад дар оила рафтори ношоиста дошта бошад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …