Главная / Ҷамъият / Давомнокии рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи камтарин

Давомнокии рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи камтарин

Моддаи 93-и Кодекси Меҳнат. Давомнокии рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи камтарин

  1. Давомнокии рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи камтарин 24 рўзи тақвимиро ташкил медиҳад.
  2. Рухсатии асосии ҳарсолаи камтарин барои ҳамаи кормандон ба таври ҳатмӣ дода мешавад.
  3. Корфармо ҳуқуқ дорад, ки аз ҳисоби маблағҳои худӣ муҳлати давомнокии рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи камтаринро бо тартиб ва шартҳое, ки дар шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбинӣ шудаанд, аз 24 рўзи тақвимӣ зиёд намояд.
  4. Рўзҳои иди ғайрикорӣ, корношоямии муваққатӣ, инчунин рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд ба рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда дохил намегарданд.
  5. Ҳангоми рост омадани рўзҳои иди ғайрикорӣ дар давраи рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда давомнокии рухсатии корманд ба шумораи рўзҳои иди ғайрикорӣ дароз карда мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …