Суд

Моддаи 93-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Суд  

  1. Суд дар доираи салоҳияти худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 57-107, 126, 130 қисми 2, (ҚҶТаз 23.11.15 с., №1235), 131, 132, 150, 153, 154, 166 қисми 2, 171, 172 , 182, 189, 198 қисми 2, 205, 207, 208, 210-214, 288, 297, 309 қисми 1, 311 қисмҳои 2 ва 3 (танҳо нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ), 312, 313, 316, 328 қисми 1, 329 қисмҳои 1 ва 2, 332, 333 қисмҳои 1 ва 3, (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1180) 334,  336 қисми 2, 337, 339 қисми 2, 345, 352, 353, 358, 373 -376, 377 қисми 1, 437, 4371, 448, 460, 465, 467, 471, 4711, (ҚҶТ аз 27.11.14 с., № 1135), 472, 474 қисми 2, 4741, 475 – 481, 485 қисми 3, 487, 490, 492, 497-500, 507 қисми 3, 508 қисми 2, 510-512, 514, 518, 5271–5274 (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1094), 528-534, 5341, 536, 538 қисми 2, 540, 541, 5541,(ЌЉТ аз 8.08.15с., № 1221) 560 қисми 2, 577, 578 қисмҳои 1 ва 2, 579, 585 қисми 1, 592, 593 қисми 1, 594 қисми 1, 595 қисми 1, 596, 597, 628 қисми 2, 629, 637, 639, 642 қисми 2, 644, 649, 656, 657 ва 679 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд,  баррасӣ менамояд.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1476)
  2. Парвандаҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишударо аз номи суд судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятӣ, шаҳри Душанбе, судҳои шаҳр ва ноҳияҳо ба таври дастаҷамъӣ ва ё танҳо баррасӣ мекунанд.
  3. Суд ба ғайр аз  парвандаҳои дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда новобаста аз тобеият парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро, ки ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима ба андозаи аз сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд аст (ба истиснои парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи андоз ва қонунгузории зиддиинҳисорӣ), маҳрум кардан аз иҷозатномаи машғул шудан ба намуди муайяни фаъолият, маҳрум кардани шахсони воқеӣ аз ҳуқуқи махсус, бо подош гирифтани ашё ва ё мусодираи ашё, ки олоти содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё объекти бевоситаи он мебошад, бо роҳи маъмурӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун кардани шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, инчунин ҳабси маъмурӣ пешбинӣ шудааст, баррасӣ менамояд. (ЌЉТ аз 8.08.15с., № 1221; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1476)
  4. Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоятҳо ва шаҳри Душанбе парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро вобаста ба ҳолатҳои беэҳтиромӣ нисбати суд, ки аз ҷониби шахсони дар мурофиаи судӣ иштироккунанда содир шуда, он дар мурофиаи  судӣ ошкор шудааст, баррасӣ менамоянд.
  5. Судҳои ҳарбӣ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишударо, ки аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ содир шудаанд, баррасӣ менамоянд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …