Главная / Ҷамъият / Сирри маълумот (сирри андоз)

Сирри маълумот (сирри андоз)

Моддаи 93-и Кодекси Андоз. Сирри маълумот (сирри андоз)

  1. Мақомоти андоз, агентҳои андоз ва кормандони онҳо (дар давраи кор ё баъди аз кор озод шудан) вазифадоранд, ки сирри ҳама гуна маълумотро оид ба андозсупорандагон (ба истиснои маълумот дар бораи рақами мушаххаси андозсупоранда ва дигар маълумоти вобаста ба баҳисобгирии андозсупорандагон), ки ҳангоми иҷрои ўҳдадориҳои мансабиашондастрас намудаанд, пинҳон нигоҳ доранд.
  2. Мақомоти андоз ва агентҳои андоз ҳуқуқ доранд маълумотро оид ба андозсупоранда тибқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ танҳо ба шахсони зерин пешниҳод намоянд:

-ба дигар кормандони мақомоти андоз бо мақсадҳои иҷрои ўҳдадориҳои мансабӣ;

-ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо мақсадҳои тибқи қонун санҷиш намудани шахсе, ки қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон намудааст ё ҷиноят содир кардааст;

-ба судҳо дар рафти баррасии парванда оид ба муайян намудани ўҳдадориҳои андози андозсупоранда ё ҷавобгарӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии андоз;

-ба мақомоти андози дигар давлатҳо мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон;

-ба мақомоти молия дар ҳамон ҳаҷме, ки барои иҷрои қонунгузорӣ оид ба буҷет зарур аст;

-ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба корҳои хизмати давлатӣ нисбат ба шахсоне, ки ўҳдадоранд оид ба даромадҳояшон эъломия пешниҳод намоянд;

-ба мақомоти гумрук барои татбиқи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба мақоми ваколатдоре, ки мутобиқи Кодекси мазкур барои мақсадҳои амалӣ намудани андозбандӣ дорои ҳуқуқи ситонидани андозҳо мебошад.

  1. Шахсоне, ки мутобиқи қисми 1 ҳамин модда маълумот гирифтаанд, тибқи тартиби муқарраргардида нигоҳ доштани сирри онро таъмин менамоянд.
  2. Ҳисоботи андоз ва ҳамагуна дигар ҳуҷҷатҳо, ки дар ҷараёни фаъолияти мақомоти андоз ташкил мешаванд (парвандаҳои шахсии андозсупорандагон, санадҳои санҷишҳои андоз, огоҳиномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои барои амалӣ намудани назорати андоз зарур), наметавонанд ба дигар мақомоти давлатӣ дода шаванд, ба истиснои ҳолатҳои дар сархати дуюми қисми 2 ҳамин модда пешбинишуда.
  3. Ҳангоми риоя намудани талаботи қисми 1 ҳамин модда ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судҳо тибқи дархости хаттии онҳо дар ҳолати мавҷуд будани парвандаи ҷиноятӣ, ки нисбат ба ҳамин андозсупоранда оғоз карда шудааст, метавонанд нусхаҳои асли ҳуҷҷатҳое, ки дар қисми 4 ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, дода шаванд.
  4. Ҳамзамон нусхаҳои ҳуҷҷатҳои ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судҳо додашуда, ки мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда шудаанд, ба таври ҳатмӣ дар мақомоти андоз нигоҳ дошта мешаванд.
  5. Ҳангоми қатъ намудани парвандаҳои ҷиноятии оғозкардашуда бо сабаби мавҷуд набудани таркиби ҷиноят ё бо дигар асосҳои қонунӣ ё эътибори қонунӣпайдо намудани ҳукми суд, нусхаҳои аслии ҳуҷҷатҳои дар боло пешбинишуда дар давоми 30 рўзи тақвимӣ аз рўзи қатъ намудани парванда ё эътибори қонунӣпайдо намудани ҳукми суд бояд ба мақомоти дахлдори андоз баргардонида шаванд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …