Ваколати шахсони мансабдор
Meg S
18.04.2018
Ҷамъият
100 Показы
Моддаи 91-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Ваколати шахсони мансабдор

- Шахсони мансабдори ваколатдори мақомоти ваколатдори давлатӣ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро дар доираи ваколатҳои худ танҳо ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ баррасӣ карда метавонанд.
- Номгӯй ва доираи ваколатҳои шахсони мансабдоре, ки парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ менамоянд, бо Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
- Суд, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) ҳангоми баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ санадҳои дахлдор қабул мекунанд.
Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 2018-04-18