Моддаи 9-и Кодекси Меҳнат. Доираи амали Кодекси мазкур
- Кодекси мазкур муносибатҳои зеринро танзим менамояд:
– меҳнатӣ;
– бевосита ба муносибатҳои меҳнатӣ алоқаманд;
– шарикии иҷтимоӣ;
– оид ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат.
- Амали Кодекси мазкур, агар бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад, ба шахсони зерин татбиқ мегардад:
– ба кормандон, аз ҷумла кормандони ташкилотҳои дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгирбуда, ки соҳибони молу мулк, иштирокчиён ва ё саҳмдоронаш шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ мебошанд;
– ба корфармоён, аз ҷумла ба ташкилотҳои дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиршуда, ки соҳибони молу мулк, иштирокчиён ва ё саҳмдоронаш шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ мебошанд.
- Бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд кардани ҳуқуқ, озодӣ ва кафолатҳои бо Кодекси мазкур муқарраршуда манъ аст.