Главная / Ҷамъият / Иштироки фарзандони болиғ дар пардохтани хароҷоти иловагӣ барои падару модар

Иштироки фарзандони болиғ дар пардохтани хароҷоти иловагӣ барои падару модар

Моддаи 89-и Кодекси оила. Иштироки фарзандони болиғ дар пардохтани хароҷоти иловагӣ  барои  падару модар 

  1. Дар ҳолатҳое, ки фарзандони болиғ нисбати падару модари ғайри қобили меҳнат ғамхорӣ накунанд ва дар ҳолатҳои истисноӣ (бемории вазнин, маибшавии падару модар, зарурати пардохти маблағи нигоҳубин барои бегонагон ва ғайра)  суд метавонад фарзандони болиғи қобили меҳнатро барои иштирок намудан дар пардохтани хароҷоти иловагие, ки вобаста ба ин ҳолатҳо ба миён омадаанд, ҷалб намояд.
  2. Андоза ва тартиби пардохти хароҷоти иловагӣ аз ҷониби ҳар фарзанди болиғи қобили меҳнат аз тарафи суд бо назардошти вазъи моддию оилавии падару модар ва фарзандон ва манфиатҳои қобили таваҷҷӯҳи тарафҳо, бо риояи қоидаҳои қисмҳои 4 ва 5 моддаи 88 ҳамин Кодекс муайян карда мешавад.

3.Тартиби пардохти хароҷоти иловагӣ ва андозаи ин хароҷотро бо  созишномаи тарафҳо муайян кардан мумкин аст.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …