Главная / Ҷамъият / Тадбирҳои муҳофизат ва такрористеҳсоли захираҳои моҳӣ

Тадбирҳои муҳофизат ва такрористеҳсоли захираҳои моҳӣ

Моддаи 89-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Тадбирҳои муҳофизат ва такрористеҳсоли захираҳои моҳӣ

1.Ҳангоми истифодаи объектҳои гидротехникӣ ва дигар объектҳо дар обанборҳои хоҷагиҳои моҳипарварӣ барои такрористеҳсоли онҳо истифодабарандагони об бояд шароит муҳайё созанд ва тадбирҳои таъминкунандаи ҳифзи захираҳои моҳиро амалӣ гардонанд.

2.Дар ҷойҳои тухмгузорӣ ва чуқуриҳои зимистонгузаронӣ дар обанборҳои хоҷагиҳои моҳипарварӣ  гузаронидани корҳои заминканӣ ва хокпартоӣ, дигар корҳои ба ҳолати захираҳои моҳӣ ва шароитҳои такрористеҳсоли онҳо таъсири манфӣ расонанда, манъ аст. Гирифтани об аз обанборҳои моҳигирӣ барои мақсадҳои саноатӣ, объёрӣ ва дигар эҳтиёҷот танҳо дар ҷойҳое, ки бо мақомоти ҳифзи моҳӣ мувофиқат шудааст, анҷом дода мешавад.

Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

jyudoshavo-oila

Сабаби ҷудошавии оилаҳо: 10-тои асосӣ

Вайрон шудани оилаҳо дар замони ҳозира боз ҳам зиёд шуда истодааст ва сабаби он Падару …