Главная / Ҷамъият / Ҳисобот

Ҳисобот

Моддаи 88-и Кодекси Андоз. Ҳисобот

  1. Дар ҷараёни шаш моҳи баъди анҷоми ҳар як соли тақвимӣ мақоми ваколатдори давлатӣ дар сомонаи расмии худ нашри ҳисоботро оид ба фаъолияти мақомоти андоз таъмин менамояд.
  2. Ҳисобот оид ба соли тақвимии гузашта бояд маълумоти зайлро дар бар гирад:

-маблағҳои андозҳои банақшагирифташуда ва воқеан ҷамъовардашуда аз рўи намудҳои онҳо дар вилоятҳо (шаҳрҳо ва ноҳияҳо);

-маблағҳои қарзҳои андоз аз рўи намудҳои андозҳо дар вилоятҳо (шаҳрҳо ва ноҳияҳо);

-маълумоти оморӣ оид ба имтиёзҳои додашудаи андозҳо ва батаъхиргузории бақияпулиҳо, аз ҷумла дар давоми соли ҳисоботии тақвимӣ;

-тавсифи мухтасари комёбиҳо ва норасоиҳо дар фаъолияти мақомоти андоз.

  1. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар сомонаи расмии худ рўйхати андозсупорандагонеро, ки андозҳояшон ҳисоб (иловагӣ ҳисоб) карда шудаанду вале дар ҳаҷми зиёда аз 5000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо пардохт нашудаанд, бо нишон додани ҳаҷми бақияпулиҳо, ҷойгир намуда, онро мунтазам нав мекунад.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

zan-mard-jogah

Хурдани оби мани аз тарафи мард ё зан

Хурдани оби мани аз тарафи зан кори нораво ва носазо аст ва инро тиб маҳкум …