Главная / Ҷамъият / Иштироки падару модар дар хароҷоти иловагӣ барои фарзандон

Иштироки падару модар дар хароҷоти иловагӣ барои фарзандон

Моддаи 87-и Кодекси оила. Иштироки падару модар дар хароҷоти  иловагӣ  барои фарзандон 

  1. Дар сурати мавҷуд набудани созишнома ва дар ҳолатҳои истисноӣ (бемории вазнин, маиб шудани кӯдакони ноболиғ ё болиғи ғайри қобили меҳнати эҳтиёҷманд, зарурати пардохти маблағ ба бегонагон барои нигоҳубин ва ғайра) ҳар яке аз падару модар аз ҷониби суд барои иштирок намудан дар хароҷоти   иловагӣ вобаста ба чунин ҳолатҳо ҷалб шуданаш мумкин аст.

Тартиби иштироки ҳар кадоме аз падару модарро дар хароҷоти иловагӣ аз тарафи суд, бо назардошти вазъи моддӣ ва оилавии падару модару фарзандон ва дигар манфиатҳои қобили таваҷҷӯҳи тарафҳо бо маблағи устуворе, ки бояд ҳар моҳ пардохта  мешавад, муайян мегардад.

  1. Суд ҳуқуқ дорад падару модарро барои иштирок намудан дар хароҷоти иловагии воқеан суратгирифта ва ҳамчунин хароҷоти иловагие, ки бояд дар оянда сурат гирад,  вазифадор созад.

 

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …