Главная / Ҷамъият / Рўзҳои истироҳат

Рўзҳои истироҳат

Моддаи 86-и Кодекси Меҳнат. Рўзҳои истироҳат

  1. Ба ҳамаи кормандон рўзҳои истироҳат (истироҳати бефосилаи ҳарҳафтаина) дода мешавад.
  2. Дар ҳафтаи панҷрўзаи корӣ ба кормандон дар ҳафта ду рўзи истироҳат ва дар ҳафтаи шашрўзаи корӣ як рўзи истироҳат дода мешавад.
  3. Рўзи истироҳати умумӣ – якшанбе мебошад. Рўзи истироҳати дуюм, дар ҳафтаи панҷрўзаи корӣ, тибқи ҷадвали кории ташкилот муқаррар карда мешавад. Ҳар ду рўзи истироҳат пайи ҳам дода мешавад.
  4. Дар ташкилотҳое, ки вобаста ба шароити истеҳсолию техникӣ ё бо сабаби зарурати таъминоти бефосилаи аҳолӣ қатъи кор дар онҳо имкон надорад, инчунин дар дигар ташкилотҳои муттасил коркунанда рўзҳои истироҳат дар рўзҳои гуногуни ҳафта ба ҳар гурўҳи кормандон мувофиқи ҷадвали бастҳо, ки корфармо бо машварати пешакӣ бо намояндагони кормандон тасдиқ кардааст, дода мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …