Главная / Ҷамъият / Тафтишоти маъмурӣ

Тафтишоти маъмурӣ

Моддаи 86-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Тафтишоти маъмурӣ 

  1. Агар баъди ошкор кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи қонунгузории зиддиинҳисорӣ, бонкӣ, асъорӣ, андоз ва гумрук, қонунгузорӣ дар бораи монополияҳои табиӣ, таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ, ҳифзи муҳити зист, қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, нақлиёт, танзими  давлатии истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ, машрубот, инчунин маҳсулоти тамоку, бехатарӣ  аз сӯхтор, қонунгузорӣ дар бораи реклама, ҳуқуқҳои муаллифӣ ва  ҳуқуқҳои вобаста ба он, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, интихобот ва раъйпурсӣ, иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият зарурати  анҷом додани экспертиза ва дигар ҳаракатҳои мурофиавӣ ба миён омада, вақти зиёдро талаб намоянд,  дар ин сурат тафтишоти маъмурӣ гузаронида мешавад.
  2. Қарор дар бораи оғоз кардани  парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва гузаронидани тафтишоти маъмурӣ аз ҷониби шахси  мансабдоре,  ки  тибқи талаботи  моддаи 80 Кодекси мазкур барои тартиб додани протокол дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ваколатдор мебошад, дар шакли қарор, аз ҷониби прокурор низ, дар шакли қарор фавран баъди ошкор гардидани ҳуқуқвайронкунии  маъмурӣ қабул  карда мешавад.
  3. Тафтишоти  маъмурӣ дар ҷойи содиршавӣ ё ошкор   гардидани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гузаронида мешавад. Тафтишоти маъмурӣ оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки аз ҷониби шахси мансабдори ваколатдор оид ба тартиб додани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст, аз ҷониби худи ӯ ва бо қарори сардори мақоме, ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар пешбурди он қарор дорад ё муовини ӯ аз ҷониби шахси дигари мансабдори ваколатдор оид ба тартиб додани санади ҳуқуқвайронкунии маъмурии ин мақомот гузаронида мешавад.
  4. Мӯҳлати тафтишоти маъмурӣ наметавонад аз як моҳ зиёд бошад. Дар ҳолатҳои истисноӣ дар асоси дархости шахси мансабдори ваколатдоре, ки дар баррасии ӯ парвандаи ҳуқуқвайронкунии  маъмурӣ қарор дорад, ин мӯҳлат мумкин аст аз ҷониби  шахси мансабдори болоӣ ба мӯҳлати на зиёдтар аз як моҳ, нисбати  парвандаҳо оид ба риоя накардани қонунгузорӣ дар бораи монополияҳои табиӣ, қонунгузории зиддиинҳисорӣ ва қоидаҳои гумрук бошад, аз ҷониби сардорони мақомоти болоӣ ба мӯҳлати то се моҳ дароз карда шавад.
  5. Баъди ба охир расидани тафтишоти маъмурӣ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода мешавад ё дар бораи қатъ кардани пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қарор қабул карда мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …