Главная / Ҷамъият / Кормандони мақомоти андоз

Кормандони мақомоти андоз

Моддаи 85-и Кодекси Андоз. Кормандони мақомоти андоз

  1. Ба вазифаҳои кормандони мақомоти андоз ҳамон шахсоне таъин мешаванд, ки ба талаботи тахассусӣ ҷиҳати ишғоли мансабҳое, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар муқаррар кардаанд, ҷавобгў мебошанд. Кормандони мақомоти андоз хизматчиёни давлатӣ мебошанд.
  2. Ба кормандони мақомоти андоз мутобиқи тартиби муқарраршуда рутбаи тахассусӣ дода мешавад.
  3. Рутбаҳои тахассусии кормандони мақомоти андоз аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд. Низомнома дар бораи тартиби ба кормандони мақомоти андоз додани рутбаҳои тахассусӣ ва иловапулиҳои вобаста ба онҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
  4. Ба кормандони мақомоти андоз либоси махсуси расмӣ ва тибқи рутбаҳояшон нишонҳои фарқкунанда дода мешаванд, ки намунаҳо ва меъёрҳои додани онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
  5. Ба кормандони мақомоти андоз ҷиҳати тасдиқи ваколатҳояшон шаҳодатномаи хизматӣ дода мешавад, ки намунаи онро мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ менамояд.
  6. Кормандони мақомоти андоз мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистоназ аттестатсия мегузаранд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …