Главная / Ҷамъият / Дастрасии иттилоот дар соҳаи шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастрасии иттилоот дар соҳаи шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 85-и  Қарори шаҳрсозӣ. Дастрасии иттилоот дар соҳаи шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Ҳар як субъекти фаъолияти шаҳрсозӣ ҳуқуқи дастрас кардани иттилоотро дар соҳаи шаҳрсозӣ, аз ҷумла дар бораи ҳолати муҳити зист, бо назардошти тағйироти он, нақшаҳои генералии маҳалҳои аҳолинишин, сохтмон, таҷдиди объектҳои таъиноти манзилию шаҳрвандӣ, ободонии ҳудуд, сохтани шабакаҳои муҳандисӣ ва нақлиётӣ ва иттилооти дигарро дар бораи фаъолияти шаҳрсозӣ доранд.
  2. Мақомоти давлатӣ вазифадоранд дар доираи ваколатҳои худ дастрас будани иттилоотро дар соҳаи шаҳрсозӣ ба субъектони фаъолияти шаҳрсозӣ бо тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» таъмин намоянд.
  3. Мақомоти давлатӣ вазифадоранд санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар бораи фаъолияти шаҳрсозӣ дар ҷойҳои дастрас ва назаррас (дар тахтаи эълонҳо) ҷойгир намоянд.
  4. Пудратчӣ вазифадор аст дар бораи объекти сохташаванда бо нишон додани фармоишгари он ё пудратчӣ, дар бораи мӯҳлати шурӯъ кардан ва ба анҷом расидани сохтмон ва дигар маълумоти зарурӣ дар ҷойҳои намоён иттилоот ҷойгир намояд.
  5. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд ба шаҳрвандон тавассути воситаҳои ахбори омма дар бораи фаъолияти шаҳрсозӣ, баррасии ҷамъиятии лоиҳаҳои шаҳрсозӣ, ташкили низоми намоиш, намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳо ахбор диҳад.
  6. Иттилоотонии шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо дар бораи фаъолияти шаҳрсозӣ аз тарафи мақомоти давлатӣ тавассути воситаҳои ахбори омма, инчунин тавассути гузаронидани таҳлилҳои ҷамъиятӣ, ташкили низоми намоиш ва намоишгоҳҳо амалӣ карда мешавад.
  7. Мақомоти давлатӣ вазифадоранд дар доираи ваколатҳои худ муроҷиати шаҳрвандон, иттиҳодияи онҳо ва иттиҳодияҳои соҳавиро баррасӣ намоянд ва дар мӯҳлати муқарраргардида ба онҳо ҷавоби асоснок диҳанд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …