Главная / Ҷамъият / Мӯҳлати тартиб додани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Мӯҳлати тартиб додани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Моддаи 84-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Мӯҳлати тартиб додани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 

  1. Протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ фавран баъди ошкор кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода мешавад.
  2. Ҳангоми зарурати ба таври иловагӣ муайян кардани ҳолатҳои парванда ё маълумот дар бораи шахсони воқеӣ, мансабдор ё ҳуқуқӣ, ки нисбати онҳо парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз мегардад, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ на дертар аз  се шабонарӯзи  баъди ошкор кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода мешавад.
  3. Ҳангоми  гузаронидани тафтишоти маъмурӣ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баъди ба охир расидани тафтишот дар мӯҳлатҳои пешбининамудаи моддаи 86 Кодекси мазкур тартиб дода мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …