Главная / Ҷамъият / Ба маблағи устувор ситонидани алимент барои кӯдакони ноболиғ

Ба маблағи устувор ситонидани алимент барои кӯдакони ноболиғ

Моддаи 83-и Кодекси оила.  Ба маблағи устувор ситонидани  алимент барои кӯдакони ноболиғ 

  1. Ҳангоми набудани созишномаи падару модар дар хусуси пардохти алимент ба кӯдакони ноболиғ ва дар ҳолате, ки агар падар ё модари алиментдиҳанда музди кор ва ё даромади дигари номунтазам ё тағьирёбанда дошта бошад, ё агар ин падар ё модар музди меҳнату даромади дигарро пурра ё қисман дар шакли асл (натура) ё асъори хориҷӣ гирад, инчунин ҳангоми нагирифтани музди меҳнат ва (ё) даромади дигар, инчунин дар ҳолатҳои дигаре, ки ситонидани алимент вобаста аз ҳиссаи музди меҳнат ва даромади дигари падар ё модар имконнопазир, мушкил ё манфиати яке аз тарафҳоро моҳиятан халалдор созад, суд метавонад андозаи алименти ҳармоҳа ситонидашавандаро ба маблағи устувор ва ё ҳамзамон дар шакли ҳисса (мутобиқи моддаи 81 ҳамин Кодекс) ва бо маблағи устувор муайян намояд.
  2. Андозаи маблағи устувор аз тарафи суд дар асоси имконияти нигоҳ доштани сатҳи ҳадди аксари дараҷаи пештараи таъминоти кӯдак бо назардошти вазъи моддию оилавии тарафҳо ва ҳолатҳои дигари қобили таваҷҷӯҳ муайян  карда мешавад.
  3. Агар дар назди ҳар кадоме аз падару модар фарзандон монда бошанд, андозаи алимент аз ҳар як падар ё модар ба падар ё модаре, ки камтар таъмин мебошад, бо маблағи устувори пулӣ, ки онро суд мутобиқи қисми дуюми ҳамин модда муқаррар намудааст, ҳар моҳ ситонида мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …