Главная / Ҷамъият / Истифодаи объектҳои об барои эҳтиёҷоти гидроэнергетикӣ

Истифодаи объектҳои об барои эҳтиёҷоти гидроэнергетикӣ

Моддаи 83-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Истифодаи объектҳои об барои эҳтиёҷоти гидроэнергетикӣ

1.Истифодаи объектҳои об барои эҳтиёҷоти гидроэнергетикӣ бо дарназардошти манфиатҳои соҳаҳои дигари хоҷагии халқ амалӣ карда мешавад, агар ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об дар ин маврид тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошанд. Пур кардану истифода намудани обанборҳо ҳар сол танҳо бо мувофиқати мақомоти ваколатдори махсуси давлатӣ доир ба танзими истифода ва ҳифзи об анҷом дода мешавад.

2.Бо мувофиқати мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд имкониятҳои инженерии каналҳо ва дигар объектҳои мавҷудаи гидротехникии таъиноти гуногунро барои истеҳсоли неруи барқ, агар ин амал ба кори асосии ин объект зарари воқеӣ нарасонад, истифода намоянд. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …