Главная / Ҷамъият / Танаффус барои дамгирӣ ва хўрокхўрӣ

Танаффус барои дамгирӣ ва хўрокхўрӣ

Моддаи 83-и Кодекси Меҳнат. Танаффус барои дамгирӣ ва хўрокхўрӣ

  1. Дар давоми рўзи (басти) корӣ ба кормандон бояд барои дамгирӣ ва хўрокхўрӣ танаффус дода шавад. Давомнокии мушаххаси ин танаффусҳо дар қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ, ҷадвали кори бастҳо ва ё шартномаи байни корманд ва корфармо муқаррар мегардад. Танаффус бояд на дертар аз чор соат баъд аз оғози кор дода шавад.
  2. Танаффусҳо барои дамгирӣ ва хўрокхўрӣ ба вақти корӣ дохил намешаванд ва барои онҳо музд дода намешавад ва давомнокиашон набояд аз ду соат зиёд бошад.
  3. Дар корҳое, ки аз рўи шароити истеҳсолот додани танаффусҳо барои истироҳат ва хўрокхўрӣ имкон надорад, корфармо уҳдадор аст барои истироҳат ва хўрокхўрии корманд дар вақти корӣ шароит муҳайё намояд. Номгўйи чунин корҳо дар шартномаи коллективӣ (агар шартномаи коллективӣ баста нашуда бошад – аз тарафи корфармо бо машварати пешакӣ бо намояндагони кормандон) муайян мегардад, ҷойи истироҳат ва хўрокхўрӣ аз тарафи корфармо муқаррар карда мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …