Главная / Ҷамъият / Аз ҷониби прокурор оғоз кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
Аз ҷониби прокурор оғоз кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
18.04.2018
60 Показы
Моддаи 83-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Аз ҷониби прокурор оғоз кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

- Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои тобеи ӯ ҳангоми назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд вобаста ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурие, ки барои содир кардани онҳо тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шудааст, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз намоянд. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1476)
- Прокурор дар бораи оғоз кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қарор қабул мекунад, ки он бояд дорои маълумоти пешбининамудаи моддаи 86 Кодекси мазкур бошад. Қарори мазкур дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи моддаи 85 Кодекси мазкур ба мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) барои баррасӣ фиристода мешавад.
Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 2018-04-18
Tags Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
Инчунин кобед
Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат …