Моддаи 81-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Маҳдудияти истифодаи оби нӯшиданӣ барои мақсадҳои саноатӣ
Мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо дар ҳолатҳои офати табиӣ, садамаҳо, камобӣ ва дигар ҳолатҳои махсус ҳуқуқ доранд, истеъмоли оби нӯшиданиро барои мақсадҳои саноатӣ аз шабакаҳои коммуналӣ кам ё манъ ва аз хатҳои оби хоҷагию нӯшидании идоравӣ ба манфиати дар навбати аввал қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти аҳолӣ ба оби нӯшиданӣ ва маишӣ муваққатан маҳдуд намоянд.