Главная / Ҷамъият / Тартиби ҳисобкунии вақти корӣ

Тартиби ҳисобкунии вақти корӣ

Моддаи 81-и Кодекси Меҳнат. Тартиби ҳисобкунии вақти корӣ

  1. Корфамо уҳдадор аст вақти кориро, ки ҳар як корманд иҷро намудааст, аз ҷумла соатҳои изофакориро, сари вақт дақиқ ҳисоб кунад.
  2. Ҳисобкунии вақти корӣ вақти кории иҷрошуда ва иҷронашудаи кормандро дар бар мегирад.
  3. Ба таркиби вақти кори иҷрошуда ҳисобкунии дигар давраи вақте, ки ба вақти корӣ тааллуқ дорад, дохил мешавад. Ҳисобкунии соатҳои изофакорӣ, кор дар бастҳои шабона, рўзҳои истироҳат, рўзҳои ид, рўзҳои сафари хизматӣ алоҳида бурда мешавад.
  4. Ба таркиби вақти кори иҷронашуда ҳисобкунии вақти кори пардохтшаванда ва пардохтнашаванда бо айби корманд ва ё корфармо дохил карда мешавад.
  5. Ҳисобкунии вақти корӣ дар асоси ҳуҷҷатҳое, ки корфармо дар қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ муайян кардааст, пеш бурда мешавад.
  6. Дар ҳолатҳое, ки ба вақти кори корманд давраҳои иҷрои кор берун аз ҷойи корӣ сурат мегирад ё вақти иҷрои онро корфармо дақиқ муайян карда натавонад, ин давраҳо дар ҳуҷҷатҳо ҳамчун иҷрои ҳаҷми кор тибқи муқаррароти шартномаи меҳнатӣ ба қайд гирифта мешаванд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …