Моддаи 81-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Оғоз кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
- Барои оғоз кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ инҳо асос мегарданд:
– аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки ваколати тартиб додани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро доранд, бевосита ошкор кардани маълумотҳои кофӣ, ки аз мавҷудияти ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ шаҳодат медиҳанд;
– маводе, ки аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ворид шуда, дорои маълумоте мебошанд, ки аз мавҷудияти ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ шаҳодат медиҳанд;
– хабару аризаҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин хабари воситаҳои ахбори омма, ки дорои маълумоти саҳеҳ ва воқеии гувоҳидиҳандаи мавҷудияти ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мебошанд.
- Мавод, хабар ва ариза дар бораи ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур мавриди баррасӣ ва санҷиш қарор дода мешаванд.
- Парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) танҳо дар сурати мавҷуд будани яке аз асосҳои пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда ва маълумоти кофӣ, ки аз мавҷудияти ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гувоҳӣ медиҳанд, оғоз карда мешавад.
- Ҳангоми набудани асосҳои кофӣ шахси мансабдори ваколатдори баррасикунандаи маводи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар бораи рад кардани оғози парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қарори асоснок мебарорад.