Главная / Ҷамъият / Ҳолатҳои истисноии истифодаи изофакорӣ

Ҳолатҳои истисноии истифодаи изофакорӣ

Моддаи 80-и Кодекси Меҳнат. Ҳолатҳои истисноии истифодаи изофакорӣ

Ҳолатҳои истисноии истифодаи изофакорӣ инҳоянд:

– иҷрои корҳое, ки барои мудофиаи кишвар, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ва хатари умум зарур мебошанд;

– иҷрои корҳо барои рафъи ҳолатҳои тасодуфӣ ва ғайричашмдошт, ки фаъолияти муътадили истеҳсолотро халалдор месозанд;

– зарурати ба охир расонидани корҳои шурўъгардида, ки ба иҷро расонидани онҳо бинобар сабабҳои техникӣ, ғайричашмдошт, тасодуфан ба таъхир афтодани истеҳсолот дар давоми вақти муқаррарии корӣ ғайриимкон аст (агар қатъи кори шурўъгардида боиси харобии маводу таҷҳизот гардад);

– иҷрои корҳои муваққатӣ оид ба таъмир ва барқарорсозии таҷҳизоту иншооте, ки вайрон будани онҳо боиси қатъ шудани кори аксарияти кормандон мегардад;

– давом додани кор дар истеҳсолоти муттасил амалкунанда дар сурати ба кор ҳозир нашудани корманди ивазкунанда, дар ин ҳолат корфармо уҳдадор аст, ки барои бо корманди дигар иваз намудани корманди навбатдор чораҳои фаврӣ андешад;

– иҷрои корҳои боркунӣ ва борфарорӣ ва корҳои ба он вобаста дар нақлиёт дар сурати зарурати холӣ кардани анборҳои ташкилоти нақлиёт, инчунин барои бор кардан ва фаровардани борҳои воситаи нақлиёт ба мақсади пешгирии ҷамъшавии бор дар нуқтаҳои интиқолу қабули бор ва бекористии воситаҳои нақлиёт.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …