Главная / Ҷамъият / Ҳолатҳои истиснокунандаи ҷавобгарӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии андоз

Ҳолатҳои истиснокунандаи ҷавобгарӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии андоз

Моддаи 80-и Кодекси Андоз. Ҳолатҳои истиснокунандаи ҷавобгарӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии андоз

  1. Ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсро дар ҳолатҳои зайл ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мумкин нест:

-аз ҷониби андозсупоранда (агенти андоз) иҷро намудани тавзеҳоти хаттии мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба иҷрои ўҳдадориҳои андоз;

-аз ҷониби андозсупоранда (агенти андоз) мустақилона бартараф карда шудани ҳуқуқвайронкунии андоз то лаҳзаи нисбат ба вай татбиқ намудани шаклҳои назорати андоз, ки Кодекси мазкур муқаррар намудааст.

  1. Агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад, ҳангоми мавҷуд будани ҳадди ақал яке аз ҳолатҳои зерин шахсро ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мумкин нест:

-мавҷуд набудани ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии андоз;

-мавҷуд набудани гуноҳи шахс дар содир шудани ҳуқуқвайронкунии андоз;

-аз ҷониби шахси воқеие, ки дар лаҳзаи содир гардидани кирдор ба синни 16-солагӣ нарасидааст, содир намудани кирдоре, ки дар он нишонаҳои ҳуқуқвайронкунии андоз мавҷуданд;

-гузаштани мўҳлати ба ҷавобгарӣ кашидан барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии андоз.

 

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …