Главная / Ҷамъият / Танзим ва дастгирии давлатӣ дар соҳаи муносибатҳо оиди об

Танзим ва дастгирии давлатӣ дар соҳаи муносибатҳо оиди об

Моддаи 8-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Танзим ва дастгирии давлатӣ дар соҳаи муносибатҳо оиди об

1.Дар соҳаи муносибатҳо ҷиҳати об масъалаҳои зерин аз тарафи давлат танзим мегарданд:

-муқаррар намудани тартиби истифодаи захираҳои об, ҳифзи онҳо аз ифлосу олудашавӣ, камшавӣ ва хушкшавӣ, пешгирӣ ва бартараф кардани таъсири зараровари обҳо;

-тасдиқи нақшаи истифодаи маҷмӯӣ ва ҳифзи обҳо, тавозунҳои (балансҳои) хоҷагии об, амалӣ гардонидани назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои об, мушоҳидаи (мониторинги) сифати об ва ифлосшавии объектҳои об;

-банақшагирии тадбирҳо оиди истифода ва ҳифзи об, пешгирӣ ва бартараф намудани таъсири зараровари онҳо.

2.Дастгирии давлатӣ дар соҳаи таъминоти оби нӯшокӣ таҳия, қабул ва иҷрои барномаҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, ба соҳибони системаҳои мутамарказ, ташкилотҳои истифодакунандаи системаҳои мазкур, инчунин ташкилотҳои истеҳсолкунандаи таҷҳизот, дастгоҳ, мавод ва реагентҳо барои зарурати таъмини оби нӯшокӣ додани дотатсия, субвенсия, қарзҳои имтиёзнок, имтиёзҳои буҷетӣ ва гумрукиро дарбар мегирад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …