Главная / Ҷамъият / Принсипи қонуният

Принсипи қонуният

Моддаи 8-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Принсипи қонуният 

  1. Суд, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) дар вақти пешбурд ва баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вазифадоранд меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда, дақиқ ва якхела татбиқ намоянд. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1476)
  2. Агар суд, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор)  дар вақти баррасии парванда муайян кунанд, ки меъёри татбиқшавандаи қонунгузорӣ ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шахсро халалдор ва ё маҳдуд мекунад, ӯҳдадоранд пешбурди парвандаро боздошта, ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мутобиқатии ин меъёр ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд. Пас аз гирифтани қарори Суди конститутсионӣ пешбурди парванда аз нав оғоз карда мешавад. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1476)

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …