Главная / Ҷамъият / Талаботи асосии фаъолияти шаҳрсозӣ

Талаботи асосии фаъолияти шаҳрсозӣ

Моддаи 8-и  Қарори шаҳрсозӣ. Талаботи асосии фаъолияти шаҳрсозӣ

Талаботи асосии фаъолияти шаҳрсозӣ инҳоянд:

– аз ҷониби ҳамаи субъектони фаъолияти шаҳрсозӣ риоя кардани меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ;

– ҳифзи ҳудуд ва маҳалҳои аҳолинишин аз таъсири ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиӣ ва техногенидошта;

– риояи талаботи ҳифзи муҳити зист, амнияти экологӣ, инчунин меъёру қоидаҳои санитарӣ;

-риояи талаботи нигоҳдории бино ва иншооти таърихию фарҳангӣ ва ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;

– таъмини шароити мусоиди зисти сокинони ҳудуди дахлдор, таъмини маҳалҳои аҳолинишин бо объектҳои инфрасохтори муҳандисӣ, нақлиётӣ ва иҷтимоии таъиноти истироҳатӣ ва солимгардонии на камтар аз сатҳи меъёру қоидаҳои муқарраршудаи шаҳрсозӣ оид ба хизматрасонии аҳолӣ барои ҳамин намуди маҳалли аҳолинишин, инчунин объектҳои ободонии ҳудудҳо;

– фароҳам овардани шароит барои иштироки шаҳрвандон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар муҳокима ва қабули қарорҳо дар соҳаи фаъолияти шаҳрсозӣ;

– ҷуброни зараре, ки ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар натиҷаи риоя накардани талаботи қонунгузорӣ дар бораи шаҳрсозӣ расонида шудааст;

– таъмини маҳалҳои аҳолинишин бо иншооти муҳандисӣ, нақлиётӣ ва инфрасохтор, инчунин бо инфрасохтори таъиноти иҷтимоӣ.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …