Главная / Ҷамъият / Бо об таъмин намудани соҳаи кишоварзӣ

Бо об таъмин намудани соҳаи кишоварзӣ

Моддаи 79-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бо об таъмин намудани соҳаи кишоварзӣ

1.Бо об таъмин намудани соҳаи кишоварзӣ ба обтаъминкунии мутамарказ ва ғайримутамарказ тақсим карда мешавад. Ҳангоми обтаъминкунии мутамаркази соҳаи кишоварзӣ қоидаҳои моддаи 54 Кодекси мазкур татбиқ карда мешаванд.

2.Бо об таъминкунии ғайримутамаркази ташкилотҳои алоҳидаи кишоварзӣ, обёрӣ намудани чарогоҳҳо бо иҷозати мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо бо мувофиқати мақомоти назорати давлатии санитарию ветеринарӣ, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об анҷом дода мешавад. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

3.Шахсони ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли моликият, ки системаҳои обтаъминкуниро барои обёрии чарогоҳҳо ва дигар мақсадҳои кишоварзӣ истифода мебаранд, вазифадоранд ба ҷоришавии бесамари об, шӯру ботлоқшавии заминҳо роҳ надиҳанд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …