Главная / Ҷамъият / Иштироки мақомоти васояту парасторӣ ҳангоми дар суд баррасӣ намудани баҳсҳои вобаста ба тарбияи кӯдакон

Иштироки мақомоти васояту парасторӣ ҳангоми дар суд баррасӣ намудани баҳсҳои вобаста ба тарбияи кӯдакон

Моддаи 78-и Кодекси оила. Иштироки мақомоти васояту парасторӣ ҳангоми дар суд баррасӣ намудани баҳсҳои вобаста ба тарбияи кӯдакон 

  1. Ҳангоми дар суд баррасӣ намудани баҳсҳои вобаста бо тарбияи кӯдакон сарфи назар  аз он ки даъвои ҳимояи онҳоро кӣ пешниҳод кардааст, мақоми васояту парасторӣ  бояд ҷиҳати иштирок дар баррасии парванда ҷалб карда шавад.
  2. Мақoми васояту парасторӣ вазифадор аст шароити зиндагии кӯдак ва шахсеро (шахсонеро), ки даъвои тарбия кардани ӯро дорад, санҷиш намуда, ба суд санади санҷиш ва хулосаи ба он асосёфтаро доир ба моҳияти баҳс пешниҳод кунад.

Инчунин кобед

laylatulqadr

Шаби қадр c 2023 ба шоми 17- ба 18-уми Апрел рост меояд

Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر‎) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат …