Главная / Ҷамъият / Баҳисобгирии якҷояи вақти корӣ

Баҳисобгирии якҷояи вақти корӣ

Моддаи 78-и Кодекси Меҳнат. Баҳисобгирии якҷояи вақти корӣ

  1. Дар ташкилотҳое, ки мувофиқи шароити истеҳсолот (кор) давомнокии муқарраргардидаи ҳарҳафтаинаи вақти кориро риоя кардан мумкин нест, баҳисобгирии якҷояи вақти корӣ метавонад ҷорӣ карда шавад, агар давомнокии вақти корӣ дар доираи баҳисобгирӣ аз шумораи муътадили соатҳои корӣ зиёд набошад. Дар ин маврид давраи баҳисобгирӣ набояд аз як сол ва давомнокии вақти кории ҳаррўза (смена) аз 12 соат зиёд бошад.
  2. Тартиби татбиқи баҳисобгирии якҷояи вақти кориро шартномаи коллективӣ ва агар он баста нашуда бошад, корфармо баъд аз маслиҳат бо намояндагони кормандон муқаррар менамояд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …