Главная / Ҷамъият / Манъ будани танзими об аз объектҳои оби таъминоти байнихоҷагӣ аз тарафи истифодабарандагони об

Манъ будани танзими об аз объектҳои оби таъминоти байнихоҷагӣ аз тарафи истифодабарандагони об

Моддаи 76-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Манъ будани танзими об аз объектҳои оби таъминоти байнихоҷагӣ аз тарафи истифодабарандагони об

1.Ба ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ – истифодабарандагони об худсарона танзим намудани объектҳои гидротехникӣ дар каналҳо ва обанборҳои таъиноти байнихоҷагӣ бо мақсади зиёд ё кам кардани хароҷоти об, инчунин дар онҳо васл намудани сарбандҳои муваққатӣ, дастгоҳҳои обкашӣ ва дигар объекту воситаҳо манъ аст.

2.Партофтани об аз ҳавзҳо, каналҳо ва дигар иншоотҳои объёрикунанда дар ҳолатҳои даркорӣ танҳо аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об иҷозат дода мешавад. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821).

Инчунин кобед

laylatulqadr

Шаби қадр c 2023 ба шоми 17- ба 18-уми Апрел рост меояд

Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر‎) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат …