Фурўши молу мулки ҳабсшуда
Meg S
13.03.2018
Ҷамъият
71 Показы
Моддаи 76-и Кодекси Андоз. Фурўши молу мулки ҳабсшуда

- Молу мулки ҳабсшудаи андозсупоранда мутобиқи Кодекси мазкур ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» фурўхта мешавад.
- Даромад аз бегона кардани (фурўши) молу мулки ҳабсшуда барои пўшонидани қарзҳои андози андозсупоранда тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» равона карда мешавад. Бақияи маблағ дар муддати 10 рўзи корӣ ба андозсупоранда баргардонида мешавад.
Кодекси Андоз 2018-03-13