Главная / Ҷамъият / Муваққатан манъ кардани фаъолият

Муваққатан манъ кардани фаъолият

Моддаи 75-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Муваққатан манъ кардани фаъолият 

  1. Муваққатан манъ кардани фаъолият аз он иборат аст, ки то аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) баррасӣ гардидани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба мӯҳлати кӯтоҳ фаъолияти ташкилотҳо, филиалҳо, намояндагиҳо, воҳидҳои сохтории ташкилотҳо, қитъаҳои истеҳсолӣ, инчунин истифодаи агрегатҳо, биноҳо ва иншоот, анҷом додани баъзе намудҳои фаъолият (кор ва хизматрасонӣ) қатъ карда мешавад. Фаъолият мумкин аст дар сурате муваққатан манъ карда шавад, ки барои содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таъин кардани ҷазо бо тариқи боздошти маъмурии фаъолият пешбинӣ шуда бошад. Фаъолият метавонад танҳо дар ҳолатҳои истисноие муваққатан манъ гардад, ки он барои пешгирии таҳдиди  бевосита ба ҳаёт ё саломатии одамон ва зуҳуроти эпидемия, эпизоотия, заҳролудшавии (ифлосшавии) объектҳои таҳти карантин қарордошта бо объектҳои карантинӣ, фарорасии фалокатҳои радиатсионӣ ё техногенӣ ва расонидани зарари ҷиддӣ ба ҳолат ё сифати муҳити зист зарур ва пешгирии ҳолатҳои зикргардида бо дигар воситаҳо ғайриимкон бошад.
  2. Муваққатан манъ кардани фаъолият аз ҷониби шахси мансабдори ваколатдор мутобиқи Кодекси мазкур бо тартиб додани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ сурат мегирад.
  3. Дар бораи муваққатан манъ кардани фаъолият қарор қабул карда мешавад, ки дар он асосҳои татбиқи ин чораи таъминкунандаи пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, сана ва маҳалли тартиб додани он, вазифа, насаб, ном ва номи падари шахси мансабдори қарорро қабулкарда, маълумот дар бораи шахсе, ки нисбати ӯ пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ сурат мегирад, инчунин дар бораи объекти фаъолияташ муваққатан манъшуда, рӯзи қатъи воқеии фаъолият ва баёноти шаҳрванде, ки фаъолияти соҳибкориро бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ амалӣ менамояд ё намояндаи шахси ҳуқуқӣ нишон дода мешаванд.
  4. Ба протоколи муваққатан манъ кардани фаъолият, ки ҷиҳати иҷрои қарор дар бораи муваққатан манъ кардани фаъолият тартиб дода мешавад, шахси мансабдори онро тартибдода ва шаҳрванде, ки фаъолияти соҳибкориро бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ амалӣ менамояд ё намояндаи шахси ҳуқуқӣ имзо мегузоранд. Дар сурати ба протокол имзо нагузоштани яке аз шахсони зикргардида аз тарафи шахси мансабдор дар протокол қайди дахлдор гузошта мешавад.
  5. Нусхаи протоколи муваққатан манъ кардани фаъолият тибқи дастхат ба шаҳрванде, ки фаъолияти соҳибкориро бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ амалӣ менамояд ё ба намояндаи шахси ҳуқуқӣ супорида мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …