Главная / Ҷамъият / Оқибати маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ

Оқибати маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ

Моддаи 74-и Кодекси оила.  Оқибати маҳдуд кардани ҳуқуқи  падару модарӣ 

  1. Падару модаре, ки суд ҳуқуқи падару модариашонро маҳдуд кардааст, ҳуқуқи шахсан тарбия кардани кӯдак, инчунин ҳуқуқи имтиёзу ёрдампулии давлатии барои шаҳрвандони кӯдакдор муқарраргардидаро аз даст медиҳанд.
  2. Аз падару модар гирифтани кӯдак падару модарро аз ӯҳдадории таъминоти ӯ озод намекунад.
  3. Кӯдаке, ки нисбати вай ҳуқуқи падару модар (яке аз онҳо) маҳдуд карда шудааст, ҳуқуқи моликиятии худро ба манзили истиқоматӣ, ё ҳуқуқи истифодаи манзили истиқоматӣ, инчунин ҳуқуқи молумулкиеро, ки дар асоси далели хешӣ бо падару модар ва хешовандони дигар муайян шудаанд, аз ҷумла ҳуқуқи гирифтани меросро нигоҳ медорад.
  4. Кӯдаке, ки аз падару модар гирифта шудааст, барои бо таълиму тарбия фаро гирифтан ба мақомоти васояту парасторӣ супорида мешавад. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №791)

Инчунин кобед

screenshot-2017-10-30-%d0%b8%d1%81%d0%bb%d0%b0%d0%bc12

Аркони Ислом чанд аст? – Рукн

Мо мусулмон ҳастем, аз ин РӮ бояд вазифаҳои муайяни, ки ба зиммаи мусулмонон гузошташударо, ичро …