Моддаи 74-и Кодекси Меҳнат. Давомнокии вақти корӣ
- Дар сурати ҳафтаи панҷрўзаи корӣ давомнокии кори ҳаррўза (баст) – ро қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ ё ҷадвали баст, ки онро корфармо баъд аз машварати пешакӣ бо намояндагони кормандон бо назардошти хусусияти кор ва риояи давомнокии ҳафтаи кории муқарраргардида тасдиқ намудааст, муайян менамояд.
- Давомнокии вақти кории ҳаррўза (баст) зиёд буда наметавонад:
– барои кормандони аз 15 то 16 сола – 5 соат ва аз 16 то 18 сола – 7 соат;
– барои таълимгирандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки дар давоми соли хониш таҳсилу кор мекунанд – аз 14 то 16 сола – 2,5 соат ва аз 16 то 18 сола – 3,5 соат;
– барои шароити муътадили кор – 8 соат;
– барои маъюбон – 6 соат;
– ба кормандоне, ки дар ду (якчанд) ҷой кор мекунанд – нисфи давомнокии муътадили вақти корие, ки дар моддаҳои 66 – 73 ва моддаи мазкури Кодекси мазкур муайян шудаанд.
- Ҳангоми ҳафтаи шашрўзаи корӣ, агар меъёри якҳафтаина 40 соат бошад, давомнокии кори ҳаррўза аз 7 соат, агар меъёри якҳафтаина 35 соат бошад, аз 6 соат, агар меъёри ҳафтаина 24 соат бошад, аз 4 соат зиёд буда наметавонад.